<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><lyrics>[V1]
.Cm            Fm
 Худоро гиромӣ бидорӣ агар,
.G                         Cm
 Зи файзи Худо баҳра гирӣ мудом.
.Cm                  G
 Шавӣ комёбу набинӣ шикаст,
.G                         Cm
 Туро шери дарранда ояд ба дом.

[C1]
.  Ab               Eb
   Дилат шод гардад зи файзи Худо,
.  Fm                Cm
   Зи фармони Ӯ сар напечӣ агар.
.  Ab               Eb
   Ба лутфи Худо бошӣ умедвор,
.  Fm                  Cm
   Наҷӯӣ Ту чизе зи ҷои дигар
.  Ab            Gm      Cm
   Наҷӯӣ Ту чизе зи ҷои дигар.

[V2]
.Cm            Fm
 Худоро итоат кунӣ гар зи дил,
.G                         Cm
 Чу шохи пур аз мева бинӣ занат.
.Cm                     G
 Зи фарзанди фарзонаи покдил,
.G                      Cm
 Тавоне бияфзояд андар танат.

[C2]
.  Ab                   Eb
   Шукӯҳи Сионро бубинӣ ба чашм,
.  Fm                   Cm
   Ту, эй порсо марди некӯсиришт.
.  Ab               Eb
   Шавӣ ташнаву об хоҳӣ агар,
.  Fm             Cm
   Ба даст оварӣ оби боғи биҳишт
.  Ab             Gm       Cm
   Ба даст оварӣ оби боғи биҳишт.

[V3]
.Cm               Fm
 Худо қавми Худро раҳоӣ диҳад,
.G                     Cm
 Зи шарру бадиҳои ин рӯзгор.
.Cm                       G
 Ба фармони Ӯ сулҳу некиву хайр,
.G                         Cm
 Бимонад дар ин сарзамин пойдор.</lyrics>
<title>Худоро гиромӣ бидорӣ агар Хд157</title>
<hymn_number>157</hymn_number>
<key>Cm</key>
</song>